46 фоизи аҳолӣ дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият дорад

Апрель 24, 2014 11:27

Душанбе, 24.04.204. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дирӯз зимни суханронии хеш дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ  доир ба ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ сухан гуфта, зикр намуд, ки ҳоло 46 фоизи аҳолии мамлакат дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсолоти соҳа соли 2013 ба 17 миллиард сомонӣ ва ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 21 фоизро ташкил кардааст.
Ҳамчунин дар идома  таъкид намуд, ки барои  таъмини рушди ин соҳа мо ният дорем, ки дар ҳафт соли оянда беш аз 3 миллиард сомонӣ равона намоем.
Сарвари давлат афзуд, ки амалисозии маҷмӯи тадбирҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт имконият медиҳад, ки талаботи аҳолиро ба молҳои асосии озуқаворӣ аз ҳисоби истеҳсолоти дохилии кишвар ҳарчи бештар таъмин созем ва ба ин васила ба иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегиамон — ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ноил гардем.
Дар робита ба ин Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Ҳукумати кишварро зарур аст, ки доир ба дастгирии соҳаи кишоварзӣ, бахшҳои коркарди маҳсулоти он ва ҳавасманд гардонидани кишоварзон барои истифодаи самараноки захираҳои обу замин тадбирҳои иловагӣ андешад.
Инчунин тавассути ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати азхудкунӣ ва обёрии заминҳои нав чораҷӯӣ шавад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар доираи иҷрои Фармони Президенти кишвар “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014” то имрӯз қариб 50 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардида, беш аз 100 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.
 
 
 

Апрель 24, 2014 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик