Адолати судӣ бо Сарқонун оғоз мешавад
Душанбе, 16.04.2014 (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Шарти асосии шукуфоӣ ва пешрафти минбаъдаи кишвар, пайвастан бо ҷаҳони мутамаддин ва дар ҷомеаи башарӣ мақоми шоиста пайдо кардани миллати бостонии мо аст. Ва иродаи мардум Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намуда, дар марҳалаи ниҳоят ҳассоси таърихи мамлакат ба талошу даъвоҳои барои сохти давлатдорӣ хатарнок қабул шудааст. Тавре ки Исозод Хуршед, судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар суҳбат ба мо гуфт: «Шашуми ноябри соли 1994 мардуми Тоҷикистон майлу иродаи худро доир ба қабули қонуни сарнавиштсоз ва санаде, ки асоси ҳастии ҷомеаро таъмин мекунад, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад, бунёди устувори рушду такомули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян менамояд, яъне Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ изҳор доштанд. Ин ҳуҷҷат аввалин Сарқонуни Тоҷикистони соҳибистиқлол аст ва бинобар ин дар таърихи навини кишварамон рӯйдоди воқеан бузург ва тақдирсоз мебошад. Ин санад истиқлолияти давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муайян сохт». -Сарқонун ба сифати қонуни олии давлат масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии ҷомеа, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби таъсис, доираи салоҳият ва фаъолияти мақомоти давлатиро муайян менамояд. Дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ дар сатҳи зарурӣ қарор хоҳанд дошт, бояд мушаххасоти давлат ба назар гирифта шаванд, зеро озодии инсон дар сурате оғоз меёбад, ки дар давлат қонунҳои қабулшуда эътибори амалӣ пайдо намоянд. Аз ин лиҳоз, маҳз давлати ҳуқуқбунёд зербинои асосии мавҷудияти ҳама гуна озодӣ мебошад,- таъкид дошт Исозод Хуршед, судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе .








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






