Аз нав бақайдгирӣ ва бақайдгирии довталабон давом дорад
Душанбе, 18.04.2014.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти довталабон мерасонад, ки тибқи ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин хоҳиши шаҳрвандон, дар доираи марҳалаи аз нав бақайдгирӣ то таърихи 30 апрел бақайдгирии довталабони аз қайд нагузашта низ идома хоҳад ёфт.
Бояд гуфт, ки дар айни замон теъдоди онҳое, ки номнавис шудаанд, 49 ҳазору 958 нафарро ташкил мекунад. Инчунин тибқи маълумоти оморӣ шумораи довталабон дар кластерҳои 4 (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ва 5 (тиббӣ, биологӣ ва варзиш) нисбат ба нақшаи қабул ба маротиб зиёд мебошад. Шумораи ками довталабон ба кластери 1 (табиӣ ва техникӣ) рост меояд.
Дар ин бора Ситорабону Назарова, сухангӯи маркази мазкур хабар дод.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






