Ба 441 шаҳрванди хориҷӣ иҷозати кор дода шуд

Апрель 16, 2014 10:09

Душанбе, 16.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо мақсади танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол бо дархости вазорату идораҳо ва кордиҳандагони ҷумҳурӣ, Хадамоти муҳоҷират таклифҳоро ҷамъбаст намуда, баъд аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, тибқи муқаррарот унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интишори фармон пешниҳод менамояд. 
 Дар ин муддат ба 441 нафар шаҳрванди хориҷӣ (соли 2013- 1 ҳазору 274 нафар) иҷозат барои амалӣ намудани фаъолияти корӣ дода шуд, ки нисбат ба соли гузашта 833 нафар кам мебошад. Аз ин миқдор, 192 нафар мутахассиси баландихтисоси хориҷӣ тибқи муқаррарот аз квота озод мебошад. 
Шаҳрвандони хориҷие, ки дорои иҷозат барои кор мебошанд, асосан дар сохтмон 118 нафар, истеҳсолот-147 нафар, тандурустӣ-9 нафар, алокааи авиатсия-26 нафар, хочагии кишлок-5 нафар, соҳаи савдо — 60 нафар, маориф -5 нафар, саноат -51 нафар, соҳаи хизматрасонӣ -20 нафар, ки онҳо намояндагони зиёда аз 50 давлати хориҷи дуру наздик мебошанд, фаъолият мекунанд.
Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи хадамоти муҳоҷират, дар натиҷаи гузаронидани амалиёт ва бо назардошти бурдани назорати доимӣ дар давоми давраи ҳисоботӣ барои вайрон кардани қоидаҳои будубоши шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 59 нафар протоколи маъмурӣ (соли 2013- 208) тартиб дода шуда, аз ин миқдор 25 (соли 2013 -131) нафар бо қарорҳои судӣ аз қаламрави ҷумҳурӣ ронда шуд.

Апрель 16, 2014 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе