Бардоштҳо аз Паёми соли 2013 ва татбиқи амалии он

Апрель 15, 2014 16:52

Душанбе, 15.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми  соли 2013 ба Маҷлиси Олӣ зикр намуд, ки  мақсади ниҳоии мо таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат мебошад ва итминони комил дорем, ки мо ба ин ҳадафҳои худ тадриҷан муяссар мегардем. Бо назардошти ин, ки дар соли 2030 аҳолии мамлакат қариб ба 13 миллион нафар мерасад, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли ҷорӣ сеюним баробар ва ба ҳар сари аҳолӣ дуюним баробарро ташкил хоҳад дод. Аз ин рӯ, бо вуҷуди ҳолати ноустувори иқтисодиёти ҷаҳони муосир, заиф гардидани механизмҳои идоракунии низоми молиявӣ дар бозори ҷаҳонӣ моро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини суботи иқтисодӣ ва дар ҳамин асос баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва афзоиши табақаи дорои даромади миёнаи аҳолӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намоем. Дар робита ба ин бояд гуфт, ки дар ҳалли масоили вобаста ба таъмини татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои муайянгардида ҳар як фарди кишвар саҳми ватандӯстонаи хешро мегузорад.
Барои ноил шудан ба ҳадафҳои иқтисодӣ мо бо истифодаи васеъ аз дастовардҳои илм ва технология, навовариҳои истеҳсолӣ ва нерӯи сатҳи муосири ақлонӣ навсозии соҳаҳои иқтисоди миллиро амалӣ менамоем. Коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ, идома додан ба татбиқи барномаҳои соҳавӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисод, хусусан саноат ва кишоварзӣ, бунёд ва ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолии дорои технологияҳои муосир дар ин раванд мавқеи муҳимро ишғол менамояд.
Тавре ки дар Паёми Сарвари давлат зикр шудааст, дар замони истиқлолияти кишварамон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи саноати сабук, мошинсозӣ, химия, коркарди маъдан ва металлҳо, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ зиёда аз 2200 коргоҳ ва корхонаи нав бо беш аз 58 ҳазор ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд. Агар ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар мамлакат соли 2000-ум 1,4 миллиард сомониро ташкил дода бошад, соли гузашта ин нишондиҳанда ба 9,7 миллиард сомонӣ баробар шудааст.
Тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат бунёди зиёда аз 200 корхонаи нави саноатӣ ба маблағи қариб 4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Президенти кишвар дар мавриди рушди соҳаи кишоварзӣ таъкид намуд, ки фаровонии бозори истеъмолии мамлакат, пеш аз ҳама, бо роҳи таъмин намудани тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ тавассути истифодаи технологияҳои ҳозиразамон, таҳкими фаъолияти корхонаҳои коркарди маҳсулот, баланд бардоштани самаранокии захираҳои обу замин, инкишофи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ амалӣ мегардад ва ин имкон медиҳад, ки аҳолии мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ ва бо маводи ғизоии истеҳсоли ватанӣ таъмин шавад. Бояд гуфт, ки ҳоло дар бозори истеъмолии мамлакат фаровонии молҳои озуқаворӣ ба мушоҳида мерасад.
Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ислоҳоти сохтории соҳа ҳарчи зудтар ба анҷом расида, дар марҳалаи миёнамуҳлат фаъолияти бахши кишоварзии мамлакат ба талаботи муосир мутобиқ гардонида шавад.

Апрель 15, 2014 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад