Боздиди Қ.Расулзода аз ноҳияҳои зарардидаи Хатлон

Апрель 30, 2014 09:25

Душанбе, 30.04.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз  Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияҳои  Хуросон, Қубодиён ва Ҷилликули вилояти Хатлон аз  ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва омодагӣ ба мавсими нави обёрӣ дидан карда, бо фаъолияти  намунавии  як зумра деҳқонони асили ин ноҳияҳо шинос шуд.
Хотиррасон бояд кард, ки офатҳои табиии имсола дар маҷмўъ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон  ба маблағи беш аз 900 ҳазор сомонӣ хисорот оварда, дар деҳаи   Меҳнатободи      ҷамоати деҳоти  Қизилқалъа    бар асари обхезӣ  дар миёнаҳои моҳи апрел  130 хона зери обу лой монда ва 3 хона пурра хароб гардид. Сарвазири мамлакат зимни боздид аз маҳали офатзада роҳбарияти вилоят ноҳия ва ситоди ҷумҳуриявии ҳолатҳои фавқулодаро барои сари вақт бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ, хусусан таъмини сокинони зарардида бо ҷойи зисти муваққатӣ, таъмини маводи хўрокӣ ва оби нўшокӣ, беҳдошти шароити санитарӣ,  таҳким бахшидани корҳои мустаҳкамнамоии соҳил ва тоза намудани  маҷрои  селроҳаҳо  вазифадор намуд. Дар айни замон корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дастҷамъона идома дошта, бо дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари Давлат  ҷиҳати  фароҳам овардани шароити зарурии зист барои сокинони зарардида аз ҷониби сохторҳои масъули мамлакат тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Сарвазири мамлакат дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷилликўли вилояти Хатлон бо корҳои омодагӣ ба мавсими обёрӣ, фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ  ва тоза намудани маҷрои дарёҳои Вахшу Кофарниҳон дар мавзеъҳои махсусан хавфнок шинос шуд. Тавре ки иттилоъ дода шуд, дар мавзеъҳои наздисоҳилии ноҳияи Қубодиён бар асари зиёд гардидани сатҳи оби дарёҳо майдони зиёда аз 14 гектар боғу токзор ва беш аз 430 гектар замини кишт зарар дида,  33 гектар  заминро маҷрои дарё обшуста гардонидааст. Дар ноҳияи Ҷилликул низ ҳамин ҳолат  то ба имрўз ба нест шудани майдони 5 гектар замини таъйиноти кишоварзӣ ва хароб гардидани зиёда аз 25 манзили  истиқоматӣ, ки наздик ба соҳил ҷойгир шудаанд, оварда расонидааст.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода масъулини соҳаро вазифадор кард, ки барои эмин нигоҳ доштани маҳаллаҳои аҳолинишини наздисоҳилӣ аз селу обхезиҳо тадбирҳои аввалиндараҷа андешида, корҳои таҳкимбахшии соҳилҳои хавфнок, тоза намудани маҷрои дарё, таъмини  техникаҳои корӣ ва захира намудани сўзишвории барои иҷрои ин корҳо пешбинишударо  бо масъулияти тамом  иҷро намоянд.
Дар ноҳияи Қубодиён Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамзамон бо кори намунавии як зумра деҳқонони асил, ки дар заминҳои наздиҳавлигӣ ба парвариши сабзавоти барвақтӣ ва картошка машғул мебошанд, шинос шуд.

 

Апрель 30, 2014 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд