Бунёди корхонаи коркарди нафт дар Данғара

Апрель 3, 2014 09:41

Душанбе, 3.04.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Хели»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди нафт дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 2 апрел дар шаҳри Душанбе ба имзо расид. 
Аз маркази матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки имзои созишномаи мазкур дар доираи таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати дорои масъулияти маҳдуди сармоягузорӣ ва рушди «Хели»-и шаҳри Дунъини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди нафт дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» сурат гирифт. 
Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ва аз номи Ширкати дорои масъулияти маҳдуди сармоягузорӣ ва рушди «Хели»-и шаҳри Дунъин директори генералии он Го Жэньсян ба имзо расониданд. 
Мавриди зикр аст, ки сохтмони корхонаи коркарди нафт дар масоҳати 80 га дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба нақша гирифта шудааст. Иқтидори марҳилаи аввали лоиҳа коркарди 300-500 ҳазор тонна маҳсулотро дар бар мегирад. Дар панҷ соли аввали баъди мавриди истифода қарор додани корхона тақрибан 200 ҷойи корӣ ташкил хоҳад шуд. Муҳлати сохтмони давраи дуюм вобаста ба натиҷагириҳои татбиқи давраи аввали лоиҳа муайян гашта, иқтидори истеҳсолии корхона то 1,2 млн. тонна дар як сол ва ташкили то 500 ҷойи кориро дар бар мегирад. 
Ёдовар мешавем, ки ҳаҷми умумии сармоягузорӣ барои давраи аввали татбиқи лоиҳа 60 млн. долл. ИМА ва барои давраи дуюми татбиқи Лоиҳа 300-500 млн. долл. ИМА хоҳад буд.
 

Апрель 3, 2014 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе