«Бузургдошти Саъдии Шерозӣ» — ҳамоиши илмӣ

Апрель 22, 2014 10:33

Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бо ибтикори Ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ)  дирӯз дар Душанбе бахшида ба рӯзи «Бузургдошти Саъдии Шерозӣ» ҳамоиши илмӣ — фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш муовини директори Китобхонаи миллӣ  Ҳуринисо Ализода дар бораи каломи Саъдии Шерозӣ ва  бо забони соддаву равон ҳунармандона ба риштаи назм кашидани ашъори ӯ сухан гуфт.  Саъдии Шерозӣ бузургтарин шоир, нависандаи адабиёти форсу тоҷик буда, бо беҳтарин осори назмиву насрии худ дар дили мардуми тамоми ҷаҳон чой гирифтааст.
Дар ҳамоиш раиси Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳаммадҳасан Санъатӣ дар мавриди маҳбубият доштани Саъдии Шерозӣ дар байни мардуми форсизабон ҳарф зада, афзуд, ки  Саъдии Шерозӣ бидуни тардид яке аз панҷ шоири тирози аввали забони форсист. Бархеи дигар ӯро бузургтарин шоири Эронзамин медонанд, ки фасоҳату зебоии каломи ӯро монанде нест. 
Тавре ки аз Китобхонаи миллӣ иттилоъ доданд, дар ҷамъомад адибон, олимон, донишмандон, шахсиятхои шинохтаи ҷумҳурӣ иштирок дошта,  дар бораи ҳаёту эҷодиёти Саъдии Шерозӣ сухан гуфтанд.
 
 
 

Апрель 22, 2014 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад