«Бузургдошти Саъдии Шерозӣ» — ҳамоиши илмӣ
Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бо ибтикори Ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) дирӯз дар Душанбе бахшида ба рӯзи «Бузургдошти Саъдии Шерозӣ» ҳамоиши илмӣ — фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҳуринисо Ализода дар бораи каломи Саъдии Шерозӣ ва бо забони соддаву равон ҳунармандона ба риштаи назм кашидани ашъори ӯ сухан гуфт. Саъдии Шерозӣ бузургтарин шоир, нависандаи адабиёти форсу тоҷик буда, бо беҳтарин осори назмиву насрии худ дар дили мардуми тамоми ҷаҳон чой гирифтааст.
Дар ҳамоиш раиси Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҳасан Санъатӣ дар мавриди маҳбубият доштани Саъдии Шерозӣ дар байни мардуми форсизабон ҳарф зада, афзуд, ки Саъдии Шерозӣ бидуни тардид яке аз панҷ шоири тирози аввали забони форсист. Бархеи дигар ӯро бузургтарин шоири Эронзамин медонанд, ки фасоҳату зебоии каломи ӯро монанде нест.
Тавре ки аз Китобхонаи миллӣ иттилоъ доданд, дар ҷамъомад адибон, олимон, донишмандон, шахсиятхои шинохтаи ҷумҳурӣ иштирок дошта, дар бораи ҳаёту эҷодиёти Саъдии Шерозӣ сухан гуфтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






