Дар Тоҷикистон истеҳсоли уксуси кислотаи ангидрид мавҷуд нест

Апрель 4, 2014 09:57

Душанбе, 04.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Директори Агентӣ Рустам Назаров бо хонум Кэрел Пэрес — муовини аввали ёвари котиб аз Бюрои назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ИМА (INL) баргузор гардид.Дар мулоқот инчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот иштирок намуд.Директори агентӣ Р. Назаров зикр намуд, ки аз ҷониби Тоҷикистон 3 барномаи миллии давлатӣ оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовар қабул шудааст, 17 қарордоди байниҳукуматӣ, аз ҷумла бо Ҳукумати ИМА имзо гардида, “Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар барои солҳои 2013-2020” қабул шуд.Зимни суҳбат инчунин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Вазорати корҳои дохилии Афғонистон дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва гузаронидани амалиёти муштарак мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки дар якҷоягӣ бо ҳамкорони афғон 246 амалиёти муштарак гузаронида шуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 15 тонна маводи нашъаовар мусодира гардид.Нисбат ба масъалаи прекурсорҳо директори агентӣ меҳмонро бовар кунонид, ки дар Тоҷикистон истеҳсоли уксуси кислотаи ангидрид мавҷуд нест, ҳодисаҳои интиқоли он аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба қайд гирифта нашудаанд.Р. Назаров ба ҳукумати ИМА, дар навбати аввал ба Бюрои назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ИМА барои расонидани кӯмаки амалӣ дар масъалаи таъминоти техникӣ ва омодасозии мутахассисони агентӣ арзи сипос намуд. Бо дастгирии Ҳукумати ИМА дар ноҳияҳои Мурғоб ва Ишкошим шуъбаҳо сохта шуданд. Бо барномаи “Сентрком”-и ИМА ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст, ки он агентиро бо техника ва нақлиёт таъмин намуда, корҳои сохтмониро ба анҷом мерасонад.

Апрель 4, 2014 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад