Даргузашти Зайниддин Насриддинов

Апрель 19, 2014 08:35

 

Душанбе, 19.04.2014. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзноманигори варзида, ходими сиёсиву ҷамъиятӣ Зайниддин Насриддинов, ки 25 сол роҳбарии ТоҷикТА (имрӯза АМИТ «Ховар»)-ро  бар дӯш дошт, дар синни 84 дар шаҳри Душанбе  аз олам даргузашт.
Зайниддин Насриддинов соли 1930 дар Панҷакент таваллуд шуда, Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ва Мактаби олии ҳизбии Тошкантро хатм кардааст. Ӯ фаъолияти меҳнатиашро аз омӯзгорӣ оғоз намуда, сипас ба корҳои комсомолӣ мегузарад. Фаъолияти журналистии устод Зайниддин Насриддинов  аз соли 1951 шуруъ мешавад.
З. Насриддинов ба ҳайси сармуҳаррири газетаи «Зарафшон», мухбири махсуси газетаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони сурх», муовини сармуҳаррири газетаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод», муовини мудири шуъбаи Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
Аз соли 1969 то соли 1994 дар вазифаи директори ТоҷикТА (имрӯза АМИТ «Ховар») фаъолият кардааст.
З. Насриддинов депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон буда, бо орденҳои «Дӯстии халқҳо» ва «Нишони фахрӣ», инчунин дигар мукофотҳо сарфароз гардидааст.
Роҳбарияти АМИТ «Ховар» ва ҳайати эҷодии он ба наздикону пайвандони Зайниддин Насриддинов изҳори ҳамдардӣ намуда, ба устод аз даргоҳи Худованди муттаъол раҳмати бепоёнро таманно доранд.

Апрель 19, 2014 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад