Даргузашти Зайниддин Насриддинов
Душанбе, 19.04.2014. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзноманигори варзида, ходими сиёсиву ҷамъиятӣ Зайниддин Насриддинов, ки 25 сол роҳбарии ТоҷикТА (имрӯза АМИТ «Ховар»)-ро бар дӯш дошт, дар синни 84 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
Зайниддин Насриддинов соли 1930 дар Панҷакент таваллуд шуда, Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ва Мактаби олии ҳизбии Тошкантро хатм кардааст. Ӯ фаъолияти меҳнатиашро аз омӯзгорӣ оғоз намуда, сипас ба корҳои комсомолӣ мегузарад. Фаъолияти журналистии устод Зайниддин Насриддинов аз соли 1951 шуруъ мешавад.
З. Насриддинов ба ҳайси сармуҳаррири газетаи «Зарафшон», мухбири махсуси газетаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони сурх», муовини сармуҳаррири газетаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод», муовини мудири шуъбаи Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
Аз соли 1969 то соли 1994 дар вазифаи директори ТоҷикТА (имрӯза АМИТ «Ховар») фаъолият кардааст.
З. Насриддинов депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон буда, бо орденҳои «Дӯстии халқҳо» ва «Нишони фахрӣ», инчунин дигар мукофотҳо сарфароз гардидааст.
Роҳбарияти АМИТ «Ховар» ва ҳайати эҷодии он ба наздикону пайвандони Зайниддин Насриддинов изҳори ҳамдардӣ намуда, ба устод аз даргоҳи Худованди муттаъол раҳмати бепоёнро таманно доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






