Дарёфти 6 кило маводи нашъадор
Душанбе, 10.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрвандон Ашрафбеков Азиз Нафасбекович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Хоруғ ва Давлатмирзоев Акмал Туйчибекович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Ҳисор дастгир шуданд. Зимни кофтукови шахсӣ аз онҳо 982 грамм маводи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Сино-2 бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванд Тутишоев Фирӯз Зоиршоевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Ванҷ дастгир шуд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 5 килою 160 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.
Вазни маводи нашъадори дарёфтшуда дар маҷмӯъ 6 килою 142 граммро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






