Дастгир гардидани нашъаҷаллобон

Апрель 8, 2014 11:00

Душанбе, 08. 04. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт, шаҳрванди 32-солаи пойтахт Ҷалолиддин Наҷмуддинов ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир гардид. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда 482 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳамчунин  сокини 18-солаи шаҳри Истаравшан Озодҷон Зокиров низ бо гумони нашъаҷаллобӣ дастгир шуд, ки зимни кофтукови шахсӣ аз ӯ 346 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Бояд зикр намуд, ки тибқи иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ соли 2012 дар кишвар мусодираи ҳашиш  48%-ро ташкил дода, соли 2013 аллакай ин нишондод ба 51% расидааст.
 

Апрель 8, 2014 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик