Даъвати Сафорати ҶТ дар ФР барои тамошои Паёми Президент ба МО

Апрель 23, 2014 09:45

Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар,  Марҳабои  Азамат). —  Сафорати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Федератсияи  Русия   шаҳрвандони  дар  қаламрави   Русия  сукунатдоштаи  Тоҷикистонро  даъват  менамояд, ки  дар  тамошои  Паёми  ҳарсолаи  Президенти  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси  Олӣ  (Парлумон) – и  ҶТ, ки  имрӯз,  23  апрел,  тавассути  ҳамаи  шабакаҳои телевизиони  Тоҷикистон  пахш  карда  мешавад,  иштирок  намоянд. Дар  ин  бора  намояндаи  расмии Сафорати  ҶТ  дар  ФР  Муҳаммад  Эгамзод  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод. 
Мувофиқи  суханони  мавсуф,  сафорат зимни  муроҷиаташ ба  шаҳрвандон  тавзеҳ  дод, ки шабакаҳои Тоҷикистонро  тавассути  моҳвораҳо ва интернети  сафинавӣ  тамошо  кардан  мумкин  аст.
«Сафорати  ҶТ  дар  ФР   аз   шаҳрвандони  худ  ва  муҳоҷирони  меҳнатие, ки дар  Федератсияи  Русия  иқомат  доранд,  хоҳиш  мекунад, ки  баъди тамошои Паёми Президенти  ҶТ  ба  Парлумони  кишвар  фикру  мулоҳиза  ва  таманниёти худро  дар  мавриди он  ирсол  доранд», —  гуфт  дипломат.
Манбаъ  ҳамчунин  хабар  дод, ки  имрӯз  дар  толори калони  сафорат  тамошои  якҷояи Паёми Президент  ба  Парлумон  аз  ҷониби  кормандони  намояндагии  дипломатӣ,  намояндагони  вазорату  идораҳои  ҷумҳурӣ  дар  ФР  ва шаҳрвандони дигари  хоҳишманди  Тоҷикистон  баргузор  мегардад. 

Апрель 23, 2014 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад