Дурнамои соҳаи сайёҳӣ

Апрель 28, 2014 10:27

Душанбе, 28.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки донишҷӯён ва масъулини соҳаи сайёҳӣ мулоқоти судманд баргузор гардид.Тавре ки аз Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ иттилоъ доданд, дар ҷамъомад сардори раёсати сайёҳии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар Шокирҷон Сафаров доир ба аҳамият ва пешрафти соҳаи туризм дар кишвар ҳарф зада, аз ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат дар ин самт ёдовар шуд.Инчунин мудири шуъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов дар мавзӯи «Рушди туризми ҷумҳурӣ ва аҳамияти он» маърӯза кард. Абдуворис Мингбоев, мудири шуъбаи тарбияи Раёсати донишгоҳ роҷеъ ба аҳамият ва ташкили чунин чорабиниҳо сухан гуфт.Дар фарҷоми вохӯрӣ донишҷӯён доир ба соҳаи туризм саволу дархостҳои худро матраҳ намуданд.

Апрель 28, 2014 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе