Фарҳанги истифодаи телефони мобилӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ

Апрель 28, 2014 10:19

Душанбе, 28.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки васеи донишҷӯёни факултаи молия ва қарз, факултаи педагогӣ вохӯрии кормандони милитсия баргузор гардид.Тавре ки сардори Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмур Юсуфзод иттилоъ дод,дар вохӯрӣ мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Абдуворис Мингбоев гуфт, ки ҳуқуқвайронкунӣ яке аз падидаҳои номатлуби ҷомеа ба ҳисоб рафта, ба фаъолияти ҳокимияти давлатӣ таъсири манфии худро мерасонад. Баҳри аз байн бурдани ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ дар ҷомеа бояд тамоми аҳли ҷомеа мубориза барад. Пешравии сатҳи зиндагии ҳар як давлат пеш аз ҳама аз он вобаста аст, ки дар он тарбияи ҳуқуқӣ ва маънавӣ чӣ тавр ба роҳ монда шудааст. Рафтори ҳуқуқӣ амали шахсро ифода менамояд. Яъне, шахс танҳо мутобиқи қонунҳои амаликунанда, метавонад рафтор намояд. Аз ин ҷост, ки оид ба ин масоил дар ҳамаи давру замон давлат ба рафтори тарбиявӣ диққати махсус медиҳад.Муовини сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонони раёсати ВКДҶТ дар вилояти Суғд Пӯлодҷон Саидов аз вазъи ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон, хусусан донишҷӯён изҳор нигаронӣ намуда, чанд мисоли дарднок аз парвандаҳои ҷиноӣ оварда, таъкид намуд, ки вазифаи аслии донишҷӯён омӯзиши илму тарбия аст, на машғул шудан ба дигар корҳои ғайриқонунӣ. Мавсуф аз истифодаи телефонҳои мобилӣ ва оқибатҳои то ба марг расонидани он чанд мисоли мушаххас овард.Дар ҷараёни чорабинӣ ба донишҷӯён наворҳои фаврии кормандони милитсия роҷеъ ба қонуншикании ҷавонон ва наврасон намоиш дода шуданд.

Апрель 28, 2014 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе