Гидроагрегати якуми НБО «Сангтӯда — 1» таъмир мешавад

Апрель 10, 2014 13:15

Душанбе, 10.04.2014. (АМИТ «Ховар, Екатерина  Пасторова). —  Назар  ба  хабари  хадамоти  матбуоти  НБО «Сангтӯда — 1»,   гидроагрегати  рақами  1 — уми нерӯгоҳ  таъмир  карда  мешавад. 
Мувофиқи  маълумоти  манбаъ,  гидроагрегат  дар  ҳошияи   барномаи  барои  соли  2014  пешбинишуда таъмир  шуда,  дар  аввали  моҳи  майи  соли  ҷорӣ   мавриди  истифода  қарор мегирад.
Дар  ин  муддат  мутахассисон  турбина,  қисми  механикию  барқии  генератор,  чархи  ҳаракатдиҳанда,  қисми  обгузари  агрегат  ва  системаи танзиму  сардшавии  онро  таъмир  менамоянд. 
Таъмири  асосии  гидроагрегат, ки  20  январи  соли  2008 мавриди  истифода  қарор  гирифта  буд,  бо  қувваи  коргарони  нерӯгоҳи барқӣ  бидуни  ҷалби ташкилотҳои  пудратӣ сурат  мегирад. 
Хотирнишон  месозем, ки  қариб 15  фоизи  тавлиди  умумии  нерӯи  барқи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳиссаи  НБО «Сангтӯда — 1»  аст. Иқтидори    нерӯгоҳи  мазкур  670  мегаваттро  ташкил  медиҳад.

Апрель 10, 2014 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад