«Гули наврӯзӣ» ҷамбаст гардид
Хоруғ, 1.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар шаҳри Хоруғ озмуни «Гули наврӯзӣ» ҷамъбаст гардида, ба чор нафар ғолиби озмун аз ҷониби Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ мукофоти пулӣ тақдим гардид.
Ҳамасола ба муносибати Иди Наврӯз дар шаҳру навоҳии вилоят озмуни «Гулпарвари беҳтарин» баргузор мешавад, ки ҳадафи он тарғиби гулпарварӣ ва зебоипарастӣ байни сокинони вилоят аст.
Ба гуфтаи муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Фарҳод Мамадназарбеков дар озмуни имсола 4 нафар гулпарвари шаҳр ғолиб дониста шуд. Ин гулпарварон дар манзилҳои истиқоматӣ ва заминҳои назди ҳавлигии хеш бештар аз 15 намуди гулро парвариш намуда, дар гулпӯш намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр саҳм гузоштанд. Мукофот ба ғолибон дар рӯзи Наврӯз супурда шуд, изҳор дошт Фарҳод Мамадназарбеков ва афзуд, ки чунин озмунҳо барои боз ҳам зебову дилработар гаштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ва ҳавлии сокинон мусоидат менамояд.
Имрӯзҳо манзилҳои истиқоматии шаҳрвандонро бе гул тасаввур намудан номумкин аст ва шаҳрвандон на фақат дар ороиши манзил, балки дар гулзор намудани маҳаллаҳои шаҳр фаъолона ширкат меварзанд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






