Хизмати ҳарбӣ вазифаи ҳар мард аст

Апрель 7, 2014 10:50

Душанбе, 7.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои тавваллуди 1987-1996 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардидаанд, ки барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти масъули соҳа чораҳои заруриро амалӣ созанд.
Бино ба маълумоти Вазорати мудофиа аз 1 апрели соли равон дар тамоми комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои ҷумҳурӣ даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, раисони шаҳру ноҳияҳо, масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин дигар мақомоти масъули соҳа вобаста ба фаъолияти хеш ҷараёни даъватро назорат намуда, мутахассисони соҳаи тандурустӣ ҷавононро аз муоинаи тиббӣ мегузаронанд.
Масъулини комиссияи даъватии шаҳри Норак бо раисони ҷамоату деҳот омодагии худро барои гузаронидани даъвати навбатии шаҳрвандон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, барои бе мушкилӣ гузаронидани ин маъракаи муҳими давлатӣ бо бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ саҳмгузорӣ намуданд. Беш аз 50 нафар ҷавонписар аз маркази шаҳри мазкур ва деҳкадаҳо ихтиёрӣ гирд омада, вазъи саломатии онҳо мавриди муоинаи тиббӣ қарор гирифт.
Дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон низ ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳозир шуданд. Бояд зикр намуд, ки барои аз муоинаи тиббӣ гузаронидани навдаъватшудагон дар айни замон дар комиссарияти ҳарбии ноҳия таҷҳизотҳои нави тиббӣ насб шудааст ва ин имконияти хубест барои гусел намудани ҷавонони солиму бардам ба хизмати ҳарбӣ. Умуман 1 апрели соли 2014 даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо бо иштироки масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуд.

Апрель 7, 2014 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид