Иди зафар муборак!

Апрель 30, 2014 10:42

Душанбе, 30.04.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  Рӯзи 9-майи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  69-солагии  ҷашни Ғалаба бар фашизм таҷлил мегардад. Ин рӯз дар саросари  кишвар чун рӯзи истироҳат эълон шудааст. 
Тавре ки ба мо аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон иттилоъ доданд, чун 9 май ба рӯзи муқаррарии корӣ -рӯзи ҷумъа рост меояд, мардуми тоҷик як рӯз истироҳат мекунанд. Рӯзҳои 10 ва 11 май рӯзҳои муқаррарии истироҳатиянд. 
Ёдовар мешавем, ки 8 майи соли 1945 Германия ба санади таслимшавӣ имзо гузошт. Баъд аз ин ҳамасола  9 май ҳамчун рӯзи иди Ғалаба таҷлил мегардад. Дар таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ бархоста буданд, халқи Тоҷикистон низ саҳми ба худ муносиб гузоштааст. Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодаи Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои мубориза шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафараш дар майдонҳои набард ҳалок шуд. Аз миёни фарзандони Тоҷикистон, ки барои ҷанг ба зидди фашистони олмонӣ фиристода шуданд, 55 нафари онҳо бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфазор гардиданд, ки ин унвони баландтарини он замон маҳсуб мешуд.
 
 

Апрель 30, 2014 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад