Иди зафар муборак!
Душанбе, 30.04.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Рӯзи 9-майи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 69-солагии ҷашни Ғалаба бар фашизм таҷлил мегардад. Ин рӯз дар саросари кишвар чун рӯзи истироҳат эълон шудааст.
Тавре ки ба мо аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон иттилоъ доданд, чун 9 май ба рӯзи муқаррарии корӣ -рӯзи ҷумъа рост меояд, мардуми тоҷик як рӯз истироҳат мекунанд. Рӯзҳои 10 ва 11 май рӯзҳои муқаррарии истироҳатиянд.
Ёдовар мешавем, ки 8 майи соли 1945 Германия ба санади таслимшавӣ имзо гузошт. Баъд аз ин ҳамасола 9 май ҳамчун рӯзи иди Ғалаба таҷлил мегардад. Дар таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ бархоста буданд, халқи Тоҷикистон низ саҳми ба худ муносиб гузоштааст. Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодаи Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои мубориза шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафараш дар майдонҳои набард ҳалок шуд. Аз миёни фарзандони Тоҷикистон, ки барои ҷанг ба зидди фашистони олмонӣ фиристода шуданд, 55 нафари онҳо бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфазор гардиданд, ки ин унвони баландтарини он замон маҳсуб мешуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






