Ифтитоҳи корхонаи коркарди шири Афзали Суғд

Апрель 2, 2014 13:50

 
Душанбе, 2.04.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боз як корхонаи истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тавре иттилоъ доданд, ин корхона аз ҷониби ширкати Афзали Суғд бунёд ёфта, бо коркарди шир ва истеҳсоли 15 намуд маҳсулот аз машғул аст.
Дар ин корхона беш аз 50 нафар бо кори доимӣ ва маоши миёнаи 800 сомонӣ таъмин мегарданд
Корхона бо харҷи 1 миллион сомонӣ сохта ва бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардида, дар як шабонарӯз то 10 тонна ва дар як сол 3 ҳазор  тонна ширро метавонад коркард намояд.
Сифати тамоми маҳсулоти ширӣ дар озмоишгоҳ санҷида шуда, дар зарфҳои сохти худи корхона ҷойгир карда мешавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш дод, ки чунин корхонаҳои коркарди шир дар тамоми шаҳру ноҳияҳо бо мағозаҳои фирмавиашон бунёд карда шаванд. Тавре таъкид гардид, аз аҳолӣ ҳам бояд шир харидорӣ шуда, дар чунин корхонаҳо бо сифати баланд коркард шавад.
Роҳбарияти корхона азм доранд, ки маҳсулоти хушсифати бозоргир бо зарфҳои зебо истеҳсол намоянд, зеро танҳо дар шаҳри Хуҷанд ҳоло 20 корхонаи коркарди шир фаъоланд ва рақобат дар бозор шадид мебошад. Ҳамаи ин корхонаҳо маҳсулоти худро дар корхоани нави ширкати Афзали Суғд ба маърази Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ бароварда буданд. Зарфҳои сафолии маҳсулоти ширӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт, зеро дар он муҳлати нигоҳдории чунин маҳсулот дарозтар аст.
Дар ин ҷо, ҳамчунин маҳсулоти корхонаҳои коркарди гӯшт дар маъраз буд, ки бо сифати баланди бозоргузар истеҳсол шудаанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки истеҳсоли маҳсулоти ватании ширию гӯштӣ бояд зиёд карда шавад, то ки воридоти он аз хориҷи кишвар коҳиш ёбад.
Тавре иттилоъ доданд, ширкати Афзали Суғд, ҳамчунин тасмим гирифтааст, ки дар шафати корхонаи номбурда коргоҳҳои истеҳсоли консерва ва ҳасибҳои гуногуни гӯштиро ба роҳ монад.
Бояд тазаккур дод, ки  ҳоло дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд 22 корхонаи истеҳсолӣ фаъол гардида, 320 нафарро бо кори доимӣ таъмин намудаанд. Ин миқдор корхона бо харҷи 30 миллион сомонӣ сохта ва таҷҳизонида шудаанд.  Ҳаҷми умумии маҳсулоти онҳо аз 10,5 миллион сомонии соли 2011 то соли 2013 ба 44 миллион сомонӣ расидааст. Соли 2014 тибқи нақша ин нишондод бояд ба зиёда аз 60 миллион сомонӣ расонда шавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
 

Апрель 2, 2014 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид