Ифтитоҳи маркази таълимию истеҳсолии қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ

Апрель 2, 2014 11:20

Душанбе, 2.04.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар маркази шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маркази таълимӣ ва  истеҳсолии ҳунарҳои мардумии қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзии Шероз, ки дар назди Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи Зиннат таъсис ёфтааст, ифтитоҳ гардид.
Бо арзи сипосу қадрдонӣ аз ҷониби роҳбарияти корхона ва занону духтарони бо кор таъмингардида, таъкид гардид, ки ба роҳ мондани ин кор натиҷаи дастуру ҳидоятҳои ғамхоронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст.
Тавре зикр гардид, қолинбофии дастӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ аз ҷумлаи ҳунарҳои зебои тоҷикӣ аст, ки аз аҳди бостон то ба имрӯз расидааст.
Бозори маҳсули ҳунарҳои гулдӯзию зардӯзӣ дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон, хусусан бо афзоиш ёфтани шумораи саёҳону меҳмонони хориҷӣ хеле гарму серхаридор гардида, шумораи занону духтарони ба ин кор рӯйоварда афзун шуд.
Танҳо қолинҳои дастбофи тоҷикӣ аз талаботи бозори ҷаҳонӣ каме қафо монду шумораи харидорон ва ҳам истеҳсолкунандагонаш коҳиш ёфт. Ин аст, ки бо талабу раҳнамоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони хушзавқи шаҳри Хуҷанд аввалин шуда, ба ҷорӣ намудани усулҳои эронии қолинбофии хонагӣ даст заданд ва аллакай натиҷаи корашон назаррас гардидааст.  
Барои хуб ба роҳ мондани ин кор  3 нафар занони соҳибтахассус аз Ҷумҳурии Исломии Эрон даъват карда шуданд, ки як сол ба омӯзиши занону духтарони тоҷик машғул хоҳанд шуд. То имрӯз беш аз 1000 нафар барои омӯзиши ҳунарҳои қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ дар ин ҷо номнавис шудаанд.
Ҳоло дар ин ҷо коргоҳҳои қолинбофӣ, гулдӯзию зардӯзӣ ва дӯхти либосҳои гуногун фаъол гардидаанд, ки дар онҳо беш аз 400 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Дар ин коргоҳҳо ҳар се моҳ то 250 нафар ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Минбаъд бо ёрии кадрҳои дар ин марказ таълимгирифта корҳои омӯзишию истеҳсолӣ дар коргоҳҳои зиёде, ки дар шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Суғд бунёд меёбанд, ба роҳ монда мешавад ва ҳазорҳо нафар занону духтарон бо кор ва маоши баланд таъмин хоҳанд шуд.
Тибқи нақшаҳои тақрибӣ, танҳо дар соли равон қариб 5 ҳазор занону духтарон ба ин кор ҷалб карда мешаванд. Ин шумора то охири соли 2015 ба 13 ҳазор ва то охири соли 2016 бояд то 35 ҳазор нафар расонда шавад. Аз 35 ҳазор наздики 30 ҳазор занону духтарон қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзии дастиро бояд дар хонаҳои худ ба роҳ монанд. Ҳамаи ин албатта бо дастгирии давлат ва соҳибкорони ин соҳа амалӣ хоҳад шуд. Қолинҳо ва сӯзаниҳои дар ҳавлиҳои шаҳрвандони омодагардида аз тарафи маркази таълимию истеҳсолӣ харидорӣ шуда, дар дохил ва хориҷи кишвар ба фурӯш бароварда мешавад.
Аз ҳама ҷолиб ин аст, ки маҳсули чунин ҳунарҳои зебо дар дохил ва хориҷи кишвар бозор ва харидорони сершумор доранд, танҳо сифати он бояд бозоргир ва рақобатпазир бошад.
Сабаби асосии дар бозори ҷаҳонӣ харидорони сершумор доштани қолинҳои дастии эронӣ ин аст, тамоми ашёи хоми он табиӣ мебошад, ҳатто рангҳои он аз пӯсту бадан ва самараи дарахту гиёҳҳо ҳосил карда мешаванд. Тавре иттилоъ доданд, аз омехтаи 10 ранги асосӣ, ки аз гулу гиёҳ, дарахт ва пӯсти меваю сабзавоти гуногун ҳосил мегардад, беш аз 50 намуд рангҳо омода карда мешавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳар қадар рангҳо ва гулу ороишоти қолини дастӣ зиёду зебо бошад, ҳамон қадар арзишаш боло меравад. 
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи кунунӣ ва дурнамои ин кори ташкилшуда изҳори хушнудӣ карда, ба масъулин дастур дод, ки барои боз ҳам ривоҷ додани қолинбофии дастии тоҷикӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ тамоми шароитро муҳайё созанд. Таъкид гардид, ки ин таҷрибаи наку ва пурманфиат  дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон бояд эҳё карда шавад. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки муассисаҳои нави махсуси касбию таълимии ин соҳа таъсис дода шаванд ва бунёди оғозёфтаи чунин таълимгоҳ дар шаҳри Истаравшан тезонда шавад.
Коргоҳи дӯзандагии марказ бошад, асосан бо дӯхти либоси мактабӣ ва корӣ машғул буда, дар як сол то 200 ҳазор адад либоси гуногун истеҳсол менамояд.
Дар намоишгоҳи корхона маҳсули ҳунарҳои зебои мардумӣ, ки бо завқу салиқаи баланд эҷод ва омода гардидааст, пешкаши ҳозирин гардид.

Апрель 2, 2014 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид