Иштироки ҳайати парлумонӣ дар ҷаласаҳои АБ ИДМ, СААД ва ИИАО

Апрель 16, 2014 09:53

 
         Душанбе, 16 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-16 апрел дар доираи сафари расмии Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба шаҳри Санкт-Петербург дар қасри таърихии «Таврический», ки ҳоло қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии /АБ/ давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ аст, ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар чорабиниҳои АБ ИДМ иштирок намуданд.
    Аз ҷумла ҳайати парлумонии Тоҷикисттон дар ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии АБ Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ /СААД/, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва комиссияҳои доимии АБ ИДМ  оид ба масъалаҳои фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш, сиёсат ва ҳамкориҳои байналмиллалӣ, сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, сиёсати хориҷӣ фаъолона ширкат намуда, андешаҳои хешро роҷеъ ба масоиле. ки дар ин чорабиниҳо баррасӣ шуданд, иброз намуданд.
          Вакилони Маҷлиси намояндагон дар радифи дигар вакилони парлумонҳои ИДМ  масъалаҳои марбут ба санадҳои намунавии қонунгузории намунавӣ ва наздик намудани қонунгузории давлатҳои аъзои ИДМ то соли 2015, « Дар бораи истифодабарии қонуни намунавӣ оид ба муқобилгузории маблағгузории терроризм», «Дар бораи  Стратегияи таъмини бехатарии фазои иттилоотии давлатҳои ИДМ », «Тавсияҳо барои кормандони  масъули соҳаи ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои ИДМ оид ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир», қонунҳои намунавӣ «Дар бораи мақоми наҷотдиҳандагон» ва «Дар бораи созмонҳои  ғайридавлатӣ» — ро баррасӣ карданд.
           Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Амирқул Азимов дар кори комиссияи доимии АБ СААД оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар соҳаи бехатарӣ ва муқобилгузории таҳдидҳо, сарҳадот, мудофиа ва амният иштирок намуда, роҷеъ ба масоили  мазкур ибрози назар намуд.
          Муҳаммадато Султонов- котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки имрӯз дар доираи сафар ба шаҳри Санкт-Петербург Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагон  ва ҳамроҳонаш аз осорхонаи давлатии «Петергоф»-и  Санкт-Петербург дидан намуданд.
 

Апрель 16, 2014 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик