Ислоҳоти қонунгузории замин дар Душанбе матраҳ мегардад

Апрель 29, 2014 10:18

               Душанбе, 29.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки дар нимаи аввали моҳи майи соли равон  дар Душанбе мизи мудаввареро дар мавзӯи «Масоили ҳуқуқии ислоҳоти қонунгузории замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намояд. 
                Интизор меравад, ки дар ин нишаст намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар, коршиносону мутахассисони бахши ҳуқуқ, андоз, кишоварзӣ иштирок намуда, масоили қонунгузории замин вобаста ба мерос, такмили қонунгузории замин- омили рушди соҳаи кишоварзии мамлакат, ба гарав гузоштани ҳуқуқи истифодаи замин дар ҷумҳурӣ, ислоҳоти замин, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ тавассути гузаронидани ислоҳот дар қонунгузории замин ва соири масоили мубрами ин соҳаро матраҳ намоянд.

Апрель 29, 2014 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад