Изҳороти А. Зуев баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон

Апрель 18, 2014 16:49

Душанбе, 18.04.2014. (АМИТ “Ховар”).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуев, ки имрӯз, 18 апрел баргузор гашт, як силсила масоили марбут ба муносибатҳои Тоҷикистону СММ мавриди муҳокима қарор гирифт. 
Александр Зуев пас аз мулоқот бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури намояндагони васоити ахбори умум гуфт:
“Дар ин вохӯрӣ ҷамъбасти фаъолияти намояндагии СММ дар Тоҷикистон дар соли 2013 — ум мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамчунин самтҳои фаъолияти стратегии СММ бо кишвари Шумо дар соли ҷорӣ ва солҳои минбаъда низ аз мавзӯъҳои муҳими мулоқоти мазкур буд. Нахуст, ман ҷаноби Президентро аз саҳмгузории СММ ба соҳаҳои иҷтимои иқтисодии Тоҷикистон, ки баҳри рушди бештари кишвар пешбинӣ шудаанд, огоҳ кардам. Яке аз масъалаҳои асосӣ муҳокимаи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ буд. Дар робита ба ин, ман бо изҳори қаноатмандӣ метавонам зикр намоям, ки дар соли гузашта бо саҳмгузории СММ як силсила лоиҳаҳои нав, аз ҷумла ташхисгоҳи биологӣ барои муайян кардани бемориҳое, чун сил, вируси норасоии масъунияти одам ва табларза дар шаҳри Душанбе мавриди амал қарор дода шуд. Ин ташхисгоҳ дар Осиёи Марказӣ нахустин ва ягона аст.Ҳамчунин боз се беморхонаи табобати бемории сил, аз ҷумла беморхонаи бемориҳои сили шаҳри Хоруғ, ки дар ВМКБ ягона мебошад, бо таҷҳизоти навини тиббӣ мавриди истифодабарӣ карор дода шуданд. Дар робита ба ин ҳуҷраҳои махсус барои нафарони аз бемории вируси норасоии масъунияти одам сироятшуда дар беморхонаҳои мавҷуда таъсис дода шудаанд. Инчунин омӯзиши мутахассисони соҳаи тиб оид ба пешгирии вируси норасоии масъунияти одам ва бемории сил, ки яке аз мушкилоти аввалиндараҷаи иҷтимоӣ маҳсуб меёбад,  аз ҷониби СММ амалӣ шуданд. Дар баробари ин, барномаи махсуси СММ оид ба кӯдакон — ЮНИСЕФ ҷиҳати омӯзонидани илмҳои замонавӣ ба ин қишри ҷомеа корҳоро ба роҳ мондааст. Танҳо дар соли гузашта 900 ҳазор кӯдак ба чунин таҳсил фаро гирифта шуд. Ҳамчунин барномаи озуқаи ҷаҳонии СММ низ саҳми худро дар расонидани кӯмакҳои ғизоӣ ва инчунин таъмини амнияти озуқавории кишвар гузоштааст. Ҳисобҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки аз тариқи барномаи мазкур дар соли 2013 500 ҳазор нафар дар шаклҳои гуногун кӯмакҳои ғизоиро дастрас кардаанд. Таъмини мактаббачагон бо хӯроки гарм низ дар доираи ин барнома татбиқ мешавад. 
Зимни суҳбат мо инчунин раванди безараргардонии ҳудуди Тоҷикистон аз мина ва дигар намуди таҷҳизоти таркандаро мавриди баррасӣ қарор додем. Тавре ки Шумо медонед, дар ҳудуди Тоҷикистон низ ин гуна маводи нотаркида хеле зиёданд. Мо дар соли 2013 23  ҳазор мина ва дигар таҷҳизоти таркандаро безарар намудем. Ин пешравии назаррас аст ва мо умед дорем, ки фаъолиятро дар ин самт бо ҳамин шакл ба роҳ мемонем ва дар наздиктарин фурсат Тоҷикистон ба кишвари аз хатари минаҳо эмин табдил меёбад. Дар ин раванд нақши Маркази миллӣ оид ба масъалаҳои минаро низ назаррас арзёбӣ мекунам ва аз ҷаноби Президент низ изҳори миннатдорӣ мекунам, ки чунин марказро таъсис доданд. Дар оянда низ мо бо ин марказ ҳамкорӣ карда, аз ҷихати техникӣ ва молиявӣ онро дастгирӣ хоҳем кард.
Тоҷикистон нақши фаъоле дар фарози ҷомеаи ҷаҳонӣ дорад. Дар соли ҷорӣ Тоҷикистон роҳбарии Созмони ҳамкории Шанхайро ба уҳда дорад ва дар робита ба ин ман ба ҷаноби Президент хабар додам, ки даъватномаи эшонро ба Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи роҳбарони СҲШ дар моҳи сентябри солӣ ҷорӣ дар Душанбе баргузор мегардад, супоридам. Ҳамчунин мехоҳам зикр намоям, ки соли гузашта СММ ташаббуси ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дастгирӣ намуд ва тавре ки Шумо медонед, дар моҳи августи соли гузашта ин конфронс доир гардид. Баргузории ин конфронс нақши муҳими Тоҷикистонро дар масъалаи об, ки ин на танҳо мушкилоти Тоҷикистону минтақа, балки тамоми ҷаҳон аст, бори дигар нишон дод.
 

Апрель 18, 2014 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд