Кӯмак ба зарардидагони Шӯрообод

Апрель 22, 2014 14:52

Кӯлоб,  22.04.2014. (АМИТ «Ховар»,  Сулаймон  Холов). —  Дар  мавзеъҳои  аз  офати табиӣ   зарардидаи   ноҳияҳои  минтақаи  Кӯлоб  корҳои барқарорсозӣ   идома  доранд. Хусусан  дар  ҷамоати  деҳоти  Саричашмаи  ноҳияи  Шӯрообод, ки бар  асари   омадани   селу  ярч   талафоти  ҷонӣ  ба  қайд   гирифта шуда,  даҳҳо  манзили  зист  хароб  гардид,  ситоди  ҷумҳуриявӣ  фаъолият  дорад.  То  имрӯз  дар  маркази  ҷамоат  аз  ҷониби ситоди  ҳолатҳои   фавқулода  ва  мудофиаи граждании  вилояти  Хатлон  хаймаҳо  гузошта  шуда, аҳолӣ  ба  ҷои  бехавф  кӯчонида  мешавад. 
Тавре  ки Ҳотамшо  Шарифов,  сардори  ситоди  ҳолатҳои фавқулода  ва  мудофиаи  граждании  вилояти  Хатлон  иттилоъ дод, дар  ин  ҷамоат  кормандони  ҳифзи  ҳуқуқ ва дигар   ниҳодҳо  барои нигоҳдории   тартиботи  ҷамъиятӣ ва  кумак  ба  зарардидагон равона   гардидаанд. Дар  шаҳрчаи  муваққатӣ   нуқтаҳои   тиббӣ  ва  милитсия  фаъолият  дошта,  табибон  ба зарардидагон  ёрии   тиббӣ мерасонанд. Кормандони  корхонаю  ташкилотҳои  вилояти  Хатлон  барои  зарардидагон  маводи  хӯрокӣ,  либос  ва  маводи рӯзгор   расонида  истодаанд. Имрӯз  коллективи  донишгоҳу филиалҳои  донишгоҳҳои  кишвар   дар  вилояти  Хатлон  барои  сокинони  ҷамоати  деҳоти Саричашма  маводи  хӯрокӣ фиристоданд. Ректорони  донишгоҳҳо  дар  назди  хаймаҳо   бо   аҳолии  аз  офати  табиӣ  зарардида  ва  нафароне, ки наздиконашон ба  ҳалокат  расидаанд, ҳамсуҳбат  гардида,  ба  онҳо  ҳамдардӣ   баён   карданд. Ба  гуфти  аъзои  ситоди  ҷумҳуриявӣ   кумаки   расида  ба  аҳолии  зарардида  сари вақт дастрас  мегардад.

Апрель 22, 2014 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд