Конфронси байналмилалӣ дар Донишгоҳи омӯзгорӣ

Апрель 14, 2014 15:43

 
Душанбе, 14.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Омӯзиш ва рушди барномаҳои таълимии ихтисоси менеҷмент дар мамолики Осиёи Миёна дар заминаи лоиҳаи TEMPUS» ба кори худ оғоз бахшид.Тибқи иттилои котиби матбуоти Донишгоҳи омӯзгорӣ Бахтиёри Абдураҳим, дар ҳамоиш меҳмонон аз макотиби олии ҷамоҳири Олмон, Ирландия, Қазоқистон, Қирғизистон, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таълимгоҳҳои олии кишвар гирд омадаанд. Ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ Абдуҷаббор Раҳмонов изҳор дошт, ки дар ҳамдастӣ бо комиссияи Аврупоии TEMPUS масоили зиёде баррасӣ гардида, ҳалли мусбати хешро ёфтанд. Итминони комил ҳаст, ки дар конфронси навбатӣ мавзӯоти мубраму муҳим мавриди муҳокима қарор гирифта, ҳамзамон роҳҳои сомонбахшии онҳо низ муайян мешаванд. 
А.Раҳмонов гуфт, ки ин гуна ҳамоишҳои судманд пайваста дар мамлакатҳои ҳамшарики лоиҳаи TEMPUS баргузор мегарданд ва бешубҳа, барои рушди ҷанбаҳои мухталифи соҳаи маориф мусоидат мекунанд. 
Карлос Мачадо, роҳбари гурӯҳи корӣ доир ба самтҳо ва паҳлӯҳои гуногуни кори конфронс мухтасар сухан гуфта, аз амалигардии лоиҳаи TEMPUS  дар соли дуюм, ки сипарӣ гардид, натиҷагирӣ кард. Ба иттилои ӯ, масъалаҳои умдае, ки дар ҷараёни як соли охир мавриди иҷро қарор гирифтанд, дар шакли китоб зери номи «Маҷмӯаи мақолоти таълимӣ-методии мутахассисони Осиёи Марказӣ» интишор шуд. Нашри китоб дар ҳаҷми калон далели он аст, ки аъзои лоиҳа фаъолияти назаррас намудаанд.
Дар конфронси навбатӣ масоили таълифи нақшаи мактаби докторӣ дар Осиёи Миёна, идора дар соҳаи маориф, хотимабахшии барномаҳои таълимӣ, таҳияи нақшаи корӣ барои соли оянда мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Мавриди зикр аст, ки дар айни замон конфронс ҷараён дорад ва тибқи нақша он боз ду рӯзи дигар идома хоҳад ёфт.

 

Апрель 14, 2014 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад