Машварати кории Президент бо фаъолони Суғд

Апрель 6, 2014 13:25

Душанбе, 6.04.2014. (АМИТ «Ховар»). — 
 
Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он машварати корӣ анҷом дод.
Дар машварат масоили вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят, афзун намудани истеҳсолоти саноатию кишоварзӣ, иҷрои буҷети давлатӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.
Дар оғози машварат ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли равон шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 8% ва кишоварзӣ 6% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзун гардид.
Дар муҳлати ҳисоботӣ 28 корхонаи нави саноатӣ сохта ба кор дароварда шудааст.  Дар се моҳ ба маблағи 1 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуда, ин нишондод, тибқи нақша то охири сол ба 5 миллиард сомонӣ бояд расонда шавад. Навсозии роҳҳои мошингард дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят авҷ гирифтааст. Аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд ин кор то охири соли равон анҷом хоҳад ёфт.
Нақшаи киштукори баҳорӣ, аз ҷумла кишти пахта то 15 апрел ба анҷом мерасад.
Дар се моҳ 372,4  миллион сомонӣ андоз ҷамъоварӣ шудааст, ки ин баробари 105% нақша мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббускорони ташкили маркази таълимию истеҳсолии қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ дар шаҳри Хуҷанд арзи сипосу қадрдонӣ карда, таъкид дошт, ки ин гуна муассисаҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҳам ҷумҳурӣ таъсис дода шаванд.
Бо баҳои баланд додан ба таъсисдиҳандагони корхонаҳои коркарди ширу гӯшт дар шаҳри Хуҷанд таъкид гардид, ки чунин корхонаҳо низ бо ҷалб ва ҳавасмандсозии соҳибкорони ватанӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо сохта, ба кор дароварда шаванд.
Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба тезондани киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ, афзун намудани ҳосилнокии пахта, ғалладона, картошка, сабзавот ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ба ин васила афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ин соҳа, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, муҳайёсозии ҷойҳои иловагии корӣ, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда, ҳалли мушкилоти мавҷуда дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ ва ифротгароӣ, таълиму тарбияи дурусти насли наврас ва тарбияи ҳисси ватандӯстию худшиносии ҷавонон дода шуд.

Апрель 6, 2014 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд