Мулоқоти аввали ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Апрель 28, 2014 11:29

Душанбе, 28.04.2014. (АМИТ «Ховар ). – Чанде  пеш  дар  шаҳри  Пекин  мулоқоти  аввали  ҳамоҳангсозони  миллии  давлатҳои  аъзои СҲШ  баргузор  гардид.
Дар  ҷараёни  мулоқот  зикр  шуд, ки  СҲШ  бояд  ҳамкориро  бо  давлатҳои  мушоҳид  вусъат  бахшад. Зимни  мулоқот  ҳамчунин   дар  бораи  роҳҳои  имконпазири  рушди  ҳамкорӣ  дар бахшҳои  мухталиф  табодули  афкор  баргузор  шуд. 
Дабири  кулли  СҲШ  Дмитрий  Мезентсев   натиҷаи   мулоқоти  ҳамоҳангсозони  миллии   давлатҳои  аъзои  СҲШ – Қазоқистон,  Чин,  Қирғизистон,  Русия, Тоҷикистон ва  Ӯзбекистон бо намояндагони  ваколатдори давлатҳои мушоҳиди назди  СҲШ – ро, ки  26  апрели  соли  ҷорӣ  дар  шаҳри  Пекин  баргузор гардид,   шарҳ  дод. 
Тавре  ки Дмитрий  Мезентсев   хабар  дод, ҳамоҳангсозони  миллии  давлатҳои  асосгузори  СҲШ  ва  дипломатҳои  олимақоми кишварҳои  мушоҳид —  Афғонистон,  Ҳиндустон,  Эрон,  Муғулистон ва  Покистон бори нахуст  дар  ҳошияи қолаби нав дар  мубоҳиса ширкат  доштанд. 
Дар  ҷараёни  мулоқот  мавқеи  кишварҳои Созмон  дар  мавриди бо  иштироки  СММ  хушӣ  ба  хушӣ  ҳал  намудани қазияи  Афғонистон  зикр гардид. Дар  баробари  ин  намояндагони  бархе  давлатҳои аъзои Созмон,  аз ҷумла  намояндаи  махсуси Президенти  Русия  оид ба умури  СҲШ  К. Барский  як  қатор иқдомотро  дар  амри  дастгирии иқтисодӣ  ва  кӯмак ҷиҳати барқарор  намудани  бахшҳои  воқеии  иқтисодиёти  Афғонистон  қайд  намуданд.
Ба  анҷумани тоҷирону  соҳибкорони СҲШ, ки   дар  арафаи Шӯрои сарони давлатҳои  аъзои  СҲШ  моҳи  сентябри  соли  2014  дар  шаҳри  Душанбе баргузор  мегардад, намояндагони иттиҳодияҳои тоҷирону  соҳибкорони  кишварҳои  мушоҳид низ  даъват  шудаанд.
Ба  гуфтаи Дмитрий  Мезентсев,  пешниҳод  шудааст, ки  мулоқоти  ояндаи   ҳамоҳангсозони  миллии   давлатҳои  аъзои  СҲШ  бо намояндагони  ваколатдори  давлатҳои  мушоҳиди  назди  СҲШ  тирамоҳи  соли  2014  дар  қолаби  «6+5»  доир  карда  шавад.
 
 

Апрель 28, 2014 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик