Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии ширкати Хуасин

Апрель 3, 2014 14:54

 
Душанбе, 3.04.2014. (АМИТ «Ховар»).-Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ширкати Хуасини Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Е Чинро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот доир ба ҳамкории кунунӣ ва нақшаҳои ояндаи ин ширкат дар Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имрӯз сохтмони корхонаи дуюми ин ширкати азими чинӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иқтидори солонаи 1 миллион тонна семент ва 1000 ҷойи корӣ оғоз ёфт. Корхонаи якуми он бо ҳамин иқтидор ва ҳамин қадар ҷойи корӣ дар ноҳияи Ёвон фаъолият дорад. Ҳардуи ин корхонаҳо бо саҳмгузории муштарак бо ширкати ватании Ғаюрсемент бунёд ёфтаанд.
Чунонки иттилоъ доданд, ин ширкатҳои Тоҷикистону Чин минбаъд тасмим доранд, ки иқтидори корхонаи Ёвонро ба 1,4 миллион тонна расонанд ва боз як корхонаи дигари семент дар ноҳияи Данғара бо иқтидори 1,5 миллион тонна бунёд намоянд. Корхонаи Данғара низ бо харҷи 100 миллион доллари амрикоӣ бунёд меёбад ва дар  он 1000 нафари дигар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Тавре таъкид гардид, дар сурати ба кор даромадани ду корхонаи нав қисмати зиёди маҳсулоти он ба хориҷи кишвар содир карда мешавад, зеро ҳаҷми истеҳсоли семент аз талаботи бозори дохилӣ хеле афзун хоҳад шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
 

Апрель 3, 2014 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик