Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Го Шенкун

Апрель 18, 2014 11:29

 
Душанбе, 18.04.2014. (АМИТ «Ховар»).-Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон узви Шӯрои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкунро, ки барои иштирок дар мулоқоти навбатии котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи амният ва мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ баррасӣ шуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ба сатҳи шарикии стратегӣ боло рафтани муносибатҳои Тоҷикистону Чин барои рушд ва густариши ҳамкории гуногунпаҳлӯ, аз ҷумла дар соҳаи амният ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ имконоти фарох ба миён овардааст.
Хотиррасон бояд намуд, ки моҳи майи соли 2013 аз ҷониби сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин — Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба истиқрори муносибатҳои шарикии стратегӣ ба имзо расида буд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон чун шарики стратегии Чин ва узви фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай нақши муносиби худро дар таъмини муштараки сулҳу амният, чун омили асосии рушди босубот, мегузорад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар соли раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар рушди ҳамгироии гуногунҷанбаи кишварҳои аъзои созмон ва ҳам кишварҳои нозир натиҷаҳои назаррас ба даст меоянд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 18, 2014 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст