Мусобиқаи кишварии самбо ҷамъбаст гардид

Апрель 22, 2014 16:34

Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  17-19-уми апрели соли равон дар вилояти Суғд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намуди самбо дар байни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид. Дар он аз дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ 8 нафар (3 нафар дар байни наврасон ва  5 нафар дар байни ҷавонон) иштирок намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар мусобиқа 280 нафар варзишгар аз тамоми манотиқи кишвар ширкат варзида, барои сазовор шудан ба ҷойҳои намоён қувваозмоӣ намуданд. Дар вазни 87 кило Хуршед Маҷидов соҳиби ҷойи аввал гардид. Аслиддин Маҷидов дар вазни 65 кило  ва Сайфиддин Халифаев дар вазни 87 кило ҷойҳои сеюмро ишғол намуданд.
 
Ҳамчунин дар мусобиқаи байни ҷавонон дар вазни 100 кило Зафар Ҳайдаров сазовори ҷойи якум ва дар вазни 74 кило Муҳаммад  Гадоев сазовори ҷойи сеюм шуданд.
 

Апрель 22, 2014 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд