Мусоидати Бонки ҷаҳонӣ ба рақобатнокии бахши хусусӣ
Душанбе, 7.04.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 1 то 5 апрели соли 2014 миссияи Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати дастгирии татбиқи «Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ» ба Тоҷикистон ташриф овард ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд.
Аз маркази матбуоти Кумитаи сармоягузорӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси кумита аз ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд ёдовар шуд ва иброз намуд, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар самти беҳбуд бахшидани «Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ» тамоми тадбирҳоро меандешад.
Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Қаҳир Данани ба тадбирҳои андешида ва амалинамудаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати беҳсозии фазои соҳибкорӣ, умуман дар татбиқи лоиҳа баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки ин пешравии назаррас баробари ба сари кор омадани роҳбарияти нави кумита ва ҳамчунин роҳбарии Лоиҳаро ба зимма гирифтани муовини аввали раис Лочин Файзуллоев ба назар мерасад. Аз ин натиҷагирии судманд роҳбари ҳайати Бонки ҷаҳонӣ қаноатмандии хешро иброз дошт ва зикр намуд, ки Бонки ҷаҳонӣ омода аст, ки дар доираи «Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ» ҳамкориҳои самараноки дуҷонибаро вусъати тоза бахшад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






