Нахустин журналистзани тоҷик 100- сола шуд

Апрель 14, 2014 17:07

Душанбе, 14.04.2014. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).- 14-уми апрели соли 1914 Кибриё Қаҳҳорова-нахустин журналистзани тоҷик ба дунё омадааст. Имрӯз аз таваллуди ин бонуи қаламбадаст 100- сол сипарӣ гашт. Бахшида ба ин рӯзи таърихӣ имрӯз дар факултаи журналистикаи ДМТ бо ташаббуси кафедраи журналистикаи байналхалқӣ маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид ва дар он устодону донишҷӯён роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти ин зани соҳибқалам сухан гуфтанд. 
    Сангин Гулов-мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии факултаи журналистика  мегӯяд, Кибриё Қаҳҳорова аз дастпарварони мактаби  таҳрири  устод  Айнӣ маҳсуб  ёфта, маҳорати бузурги касбиро низ маҳз аз ҳамин ҷо омӯхтааст ва ёдоварии рӯзгори ӯро муҳим ва ибратбахш ном бурд. Дар робита ба ин Бахтиёр Қутбиддинов-дотсенти кафедраи журналистикаи байналхалқӣ иброз дошт, ки Кибриё Қаҳҳорова дар баробари  муҳаррирӣ, инчунин  ба тарҷумонӣ низ рағбат пайдо карда, асарҳои зиёдеро тарҷума карда, тавассути он миёни аҳли адаб маҳбубият пайдо намуд.
   Кибриё Қаҳҳорова 26 сентябри соли 1996 дар синни  82  чашм аз олам пӯшидааст. Тавре ки аз факултаи журналистикаи  ДМТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бахшида ба 100-солагии Кибриё Қаҳҳорова-нахустин журналистзани тоҷик  китоби Мансур Суруш-адиби шинохтаи тоҷик бо номи «Қиссаи  бонуи соҳибқалам» бо 3  забон  нашр гаштааст, ки аз муваффақиятҳо ва саҳми ин бону дар журналистикаи тоҷик нақл мекунад.

Апрель 14, 2014 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик