Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ ва сайёҳӣ дар Душанбе

Апрель 19, 2014 12:40

Душанбе, 19.04.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-10-умин Намоишгохи байналмиллалии таълимӣ-сайёҳӣ ва ҷойҳои кории холӣ бо ташаббуси ширкати «TM-International», мутахассисони байналмилалӣ (Global Experts), Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ташкил ва гузаронида мешавад. Тавре ки аз ширкати «TM-International» хабар доданд, ярмаркаҳои мазкур бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои баргузории чунин чорабиниҳоро роҳандозӣ мешавад, ки дар он ҷавонон ва волидони онҳо ҷамъ омада, метавонанд аз маълумотҳои муҳим оид ба таълим, сайёҳӣ ва ҷойҳои кории холӣ дар хориҷи кишвар бархурдор шаванд.Ширкати «TM-International» бо ҳамохангии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Точикистон аз соли 2009 инҷониб намоишгоҳ ва ярмаркаи таълимии байналмилалиро ташкил намудаст, ки то ба имрӯз 10-умин намоишгоҳро ба таври васеъ ташкил ва баргузор намудааст. Ҳамчунин чунин намоиш-ярмарка бо тартиби зерин дар шаҳри Кȳлоб рӯзи 22-юми апрел, шаҳри Қȳрғонтеппа рӯзи 23 апрел, шаҳри Турсунзода 24 апрел, дар шаҳри Душанбе 25-ум ва 26-уми апрел ва дар шаҳри Хуҷанд 28 апрели соли равон доир мегардад.Гуфта мешавад, ки донишгоҳу донишкадаҳои Донишгохи Ихтироӣ-Технологии Лимкоквинг, (Малайзия), Донишгохи МАХСА, (Малайзия), Доншгох коллеҷи Гринсити, (Малайзия), Донишгохи Скайлайн (Дубай), Донишкадаи Аврупову Осиёи(Евроазия), Олмон (Германия) , Мактаби Савдо ва Молияи Лондон, (Британияи Кабир), Донишгохи Байналмиллалии Кипр, (Кипр), Донишгохи Ноттингем, (Малайзия), Донишгохи Сеги, (Малайзия) хизматрасониҳои худро ба намоиш мегузоранд.Ёдрас мегавем, ки ин аввалин Намоишгоҳи байналмиллалии таълимӣ-сайёҳӣ ва ҷойҳои кории холӣ бо ташаббуси ширкати «TM-International», мутахассисони байналмиллалӣ (Global Experts) ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Апрель 19, 2014 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад