Натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳа
Душанбе, 14.04.2014. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров ).- 11-уми апрели соли 2014 ҷаласаи мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он фаъолияти семоҳаи якуми соли 2014-и раёсатҳо, марказу шуъбаҳо ва сохторҳои тобеи он натиҷагирӣ шуд ва вазифаҳо барои ҷамъбасти сазовори нимсолаи аввали соли равон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодзода Хайрулло гуфт, ки дар баробари муваффақиятҳои бадастомада, ҳамчунин дар соҳа норасоиҳо низ ҷой доранд ва ба масъулин супориш дод, ки аз пайи ислоҳи камбудиҳо шаванд.
Дар муҳокимаи масъала сардорони раёсатҳои ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва ВМКБ, ҳамчунин сардорони шуъбаҳои назорати давлатии дастгоҳи марказии кумита иштирок карда, дар асоси пешниҳодҳои онҳо қарори ҷаласа қабул шуд.
Дар маърўзаҳо таъкид гардид, ки фаъолияти асосии кумита аз пешбурди назорати давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилона ва ба меъёр даровардани истифодаи захираҳои табиат иборат мебошад. Бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ” 5576 санҷиши комплексӣ, соҳавӣ ва фаврӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 288 адад зиёд мебошад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






