Натиҷагирӣ аз Паёми Президент
Душанбе, 29.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тавре ки аз Вазорати мудофиаи кишвар хабар доданд, дар Паёми солонаи Сарвари Давлат вазъи иқтисодиву сиёсӣ, дурнамо ва нақшаҳои дар амал тадбиқгаштаи давлату ҳукумати кишвар аз Паём то Паём ба Маҷлиси Олӣ ироа шуда, рушди ҳама инфрасохтори давлатӣ ба таври возеҳ дар ҳузури роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар матраҳ гардид.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа иттилоъ доданд, кулли хизматчиёни ҳарбӣ, ҳар як масъалаи тарҳрезишударо ба манфиати кор арзёбӣ намуда, пешбурди ҳама самтҳои фаъолиятро маҳз ба он рабт медиҳанд, ки ҳамасола дар Паёми роҳбари давлат ба он нуқта гузоштаву аз ҷониби масъулони соҳа дар амал тадбиқ мешаванд. Ҳамасола аз Паём то Паёми навбатӣ дар Артиши миллии кишвар низ дигаргуниҳои чашмрас ба миён гузошта шуда, дар ин замина корҳои зиёде амалӣ мегарданд. Чуноне ки дар Паём зикр шуд, маҳаки асосии ҳама гуна артишро сатҳи омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ ташкил медиҳад. Маҳз бо дарки ҳамин нукта ҳамасола дар Артиши миллӣ бо ҷалби афсарону сарбозон тамринҳои пайвастаи низомӣ дар дохил ва хориҷи кишвар гузаронида шуда, ба ин васила сатҳи омодабошии ҷангӣ торафт баланд мегардад.
Самти дигаре, ки дар Паём ба он дахл шудааст, ин пеш аз ҳама, беҳтар ба роҳ мондани шароитҳои хизмативу маишӣ дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад, ки аз ҷониби масъулини соҳа ҳамасола дар ин замина тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, корҳои зиёде дар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ амалӣ мешаванд. Ба андешаи роҳбари давлат, маҳз муттаҳиддӣ ва беҳтар сохтани заминаҳои хуби моддиву маишӣ ба баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ мусоидат хоҳанд намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






