Нуфузи занон дар самти соҳибкорӣ бештар мегардад
Душанбе, 24.4.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ ). — Аз 18 300 нафар хизматчиёни давлатӣ, ки дар мақомоти марказиву маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳо фаъолият менамоянд, 4315 нафар ё 24 фоизро занон ташкил медиҳанд.
«Дар айни замон танҳо дар мансабҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ 1100 нафар занон фаъолият доранд, ки аз ин 500 нафар ба сохторҳои роҳбарикунандаи вазорату идораҳо рост меояд»- афзуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 23 апрел дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ.
Имрӯз аз 193 ҳазор нафар кормандони соҳаи маориф 54,9 фоиз ё қариб 106 ҳазор нафар ва дар соҳаи тандурустӣ аз 88 ҳазор нафар кормандон 66,5 фоиз ё қариб 60 ҳазор нафар занон мебошанд.
«Солҳои охир нуфузи занон дар самти соҳибкорӣ бештар гардида, имрӯз онҳо беш аз 30 фоизи соҳибкорони мамлакатро ташкил медиҳанд»- зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






