Оғози бунёди хатти интиқоли нерӯи барқи Қайроққум — Ашт

Апрель 4, 2014 09:31

Душанбе, 04.04.2014 (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди хатти 220 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Қайроққум — Ашт оғоз бахшид.Оғози кашидани ин хатти барқӣ бо бардоштани нахустин пояи он дар ҳудуди шаҳри Қайроққум бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва масъулини соҳаи энергетикаи кишвар оғоз ёфт.Тавре зикр гардид, дарозии ин хат 74 км буда, бо харҷи қариб 65 миллион сомонӣ маблағҳои грантӣ аз Бонки осиёии рушд ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то моҳи сентябри соли 2015 кашида мешавад.Ба муносибати ин рӯйдоди фараҳбахш Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳри Қайроққум ва ноҳияҳои Ашту Бобоҷон Ғафуров мулоқоти судманд анҷом дод.Зикр гардид, ки бо фаъол гардидани ин хат ва зеристгоҳҳои нави он, ки бо таҷҳизоти навтарини стандарти ҷаҳонӣ дар шаҳри Қайроққум ва ноҳияи Ашт насб мегарданд, ноҳияи Ашт ба шабакаи ягонаи барқии кишвар пайваст мешавад. Амалӣ шудани ин тадбир имкон медиҳад, ки имкони интиқоли нерӯи барқ ба ноҳияи Ашт 4 баробар афзун шуда, талафоти техникии он коҳиш ёбад. Дар ин сурат имконоти таъмини аҳолӣ ва ҳам пойгоҳҳои обкашӣ хеле бештару беҳтар гардида, ҳамчунин имкони аз худ кардани заминҳои партову бекорхобида афзун мешавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 4, 2014 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад