Оғози кишти пахта дар шаҳри Ваҳдат

Апрель 15, 2014 12:44

Душанбе, 15.04.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар фароварди боздид аз шаҳри Ваҳдат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии Сафомиддин Карим ташриф оварда, ба кишти имсолаи пахта дар он оғоз бахшид.
Чунонки иттилоъ доданд, ин хоҷагӣ яке аз калонтаринҳо дар шаҳри Ваҳдат буда, 757 гектар замин дар ихтиёр дорад.
Дар 150 гектари он пахта, дар зиёда аз 500 гектар ғалладона ва дар боқӣ заминҳо сабзавот парвариш меёбад.
Хотиррасон бояд намуд, ки дар иншооти имрӯз бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ  Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат мавриди истифода қароргирифта ва корхонаю муассисаҳое, ки сохтмонашон оғоз ёфт, барои беш аз 5 ҳазор нафар ҷойи корӣ бо маоши хуб муҳайё мегардад. Сеюним ҳазор хонавода, пеш аз ҳама оилаҳои ҷавон дар биноҳои нави 13 ва 26-ошёна соҳиби хонаҳои барҳаво мешаванд. Наздики 1300 оилаи дигар соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ шуда, шароити истиқоматии худро беҳ месозанд.

Апрель 15, 2014 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик