Оғози сафари кории Э. Раҳмон ба Ваҳдат

Апрель 15, 2014 08:20

Душанбе, 15.04.2014. (АМИТ «Ховар»).- Имрўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ, ки авҷи тоза пайдо намудаанд ва дидору суҳбатҳо бо мардум ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард.Боздиди корӣ бо шиносоӣ бо рафти сохтмон ва роҳандозии кори гармхонаи сабзавотпарварӣ, ки дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ аз ҶДММ Голден Груп дар масоҳати 6 гектар бунёд меёбад, оғоз ёфт. Аз иттилои роҳбари ин ширкати ватанӣ Қутбиддин Хайров бармеояд, ки ҳоло дар масоҳати ним гектар гармхона бо технологияи навтарини замони муосир сохта шуда, дар он навниҳолҳои помидор шинонда шудааст. Дар ним гектари дигар сохтмону омодасозии гармхонаи дуюм идома дорад. Як соли оянда ҳамин гуна гармхонаҳо дар масоҳати 6 гектар бояд сохта ба кор дароварда шаванд.Тавре зикр гардид, дар ҳар гектари гармхона то 60 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд, зеро дар ин ҷо натанҳо деҳқонону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, балки кормандони муҳандисӣ техникӣ низ ба кор ҷалб карда мешаванд. Дар 6 гектар наздики 360 нафар бо кор ва маоши 1000 сомонӣ таъмин мегарданд.Дар гармхонаҳо тавассути шабакаи мустақили гармидиҳӣ ва салқинсозӣ дар чор фасли сол гармии аз 18 то 30 дараҷа нигоҳ дошта мешавад, то ки сабзавот бенуқсон ва хушлаззат шавад. 6 гектар гармхона бо харҷи қариб 30 миллион сомонӣ маблағҳои худи соҳибкорон бунёд меёбад. Ғайр аз ин, гармхона бо истифодаи фаровон аз нерўи барқ ва гармии буғхонаи худӣ гарм ё салқин карда мешавад ва бо вуҷуди ин фоидаовар хоҳад буд, зеро аз ҳар гектари он аз ду гардиш дар як сол то 320 тонна помидор ва аз 3-4 гардиш то 180-240 тонна бодиринг истеҳсол карда мешавад. Маҳсулоти ин гармхонаҳо асосан аз моҳи ноябр то охирҳои моҳи май ба бозор пешниҳод мешавад, яъне дар мавсими камчинӣ ва қиматии сабзавоти тару тоза. Тавре иттилоъ доданд, давоми ду сол хароҷоти сохтмон ва таҷҳизоти гармхона пурра бармегардад ва минбаъд он танҳо ба фоида кор хоҳад кард. Соҳибкори маҳаллӣ Қутбиддин Хайров азм дорад, ки дар ҷараёни ободонию созандагии як гўшаи мулки бобоӣ саҳмгузор буда, ҳамчунин ба арзонсозии нархи помидору бодиринг дар фасли зимистон, таъмини фаровонӣ дар бозори дохилӣ ва ба хориҷи кишвар содир намудани сабзавоти барвақтӣ иштирок дошта бошад.Ин соҳибкори маҳаллӣ ҳамчунин азм дорад, ки дар гармхонаҳо парвариши гулҳо ва лимуро низ ба роҳ монад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми ин соҳибкори ватанӣ, натиҷаҳо ва дурнамои кораш хушҳол гардида, ба ў барору комёбӣ хост ва маслиҳатҳои муфид дод.Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www. president. tj» дастрас намоед.

Апрель 15, 2014 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд