Оғози сохтмони биноҳои истиқоматии бисёрошёна дар Ваҳдат
Душанбе, 15.04.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар даромадгоҳи ғарбии шаҳри Ваҳдат дар паҳлўи терминали нақлиётии он аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматии 26-ошёна асос гузошта шуд.
Тавре зикр гардид, дар ин ҷо бо харҷи 400-500 миллион сомонӣ 4 бинои 26 ошёнаи истиқоматӣ бунёд меёбад, ки дорои 1350 хона бо нархҳои дастрас, асосан барои оилаҳои ҷавон хоҳанд буд. Дар таҳхонаи ин биноҳо таваққуфгоҳи мошинҳо ва дар ошёнаи якум марказҳои тиҷоратию хизматрасонӣ ҷойгир мешаванд. Маҷмааи мазкур, ҳамчунин дорои боғчаи кўдакон, майдончаҳои варзишӣ ва бозию дилхушӣ хоҳад буд.
Дар ин ҷо дар вақти сохтмон то 500 нафар ва пас аз анҷоми сохтмон қариб 200 каси дигар бо кор таъмин хоҳанд шуд.
Каме дуртар аз ин мавзеъ дар соҳили рўди Кофарниҳон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи бузурги дўзандагӣ ба кор дароварда шуд, ки дар он 1000 нафар занону духтарони маҳаллӣ дар 2 баст бо кори доимӣ таъмин мегарданд.
Тавре иттилоъ доданд, дар ин ҷо асосан духти либоси мактабӣ, корӣ ва низомӣ ба роҳ монда шуда, дигар намудҳои либосворӣ ҳам тибқи фармоиш омода карда мешавад.
Бинои ин корхона аз 3 ошёна иборат буда, корхонаи дўзандагӣ дар қабати дуюм қарор дорад. Дар қабати аввал маркази тиҷорату хизматрасонӣ ва дар қабати сеюм ошхона ҷойгир шудааст.
Дар ду паҳлўи ин бино 6 иморати 13-ошёнаи истиқоматӣ бунёд хоҳад ёфт, ки санги асосаш имрўз аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Ин биноҳо дорои 800 хона хоҳанд буд, ки бо тарҳи зебои замонавӣ сохта мешаванд.
Дар қабатҳои поёнии биноҳои истиқоматӣ марказҳои тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ ҷойгир мешаванд.
Дар паҳлўи дигари бинои корхонаи дўзандагӣ маркази ташхиси беморӣ бунёд ёфтааст, ки сохтмонаш анҷом ёфта, овардани таҷҳизот ва васли онҳо ҳоло идома дорад.
Дар ҳамаи ин биноҳо оянда то 2 ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www. president. tj» дастрас намоед.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






