Оғози сохтмони корхонаи Ғаюр-Суғдсемент

Апрель 3, 2014 11:48

 
Душанбе, 3.04.2014. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд идома ёфт.Дар роҳи шаҳри Истиқлол Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сохтмони корхонаи саноатии Ғаюр – Суғдсемент оғоз бахшид.Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин корхонаи сементбарорӣ дар масоҳати 48 га замини хушку саҳро бо маблағи 100 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби ширкати ватании Ғаюрсемент дар якҷоягӣ бо шарикони чинии он аз ширкати Хуасин бунёд меёбад.Иқтидори лоиҳавии корхона дар як сол 1,2 миллион тонна сементи навъи 500 буда, дар он қариб 1000 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд. Тавре иттилоъ доданд, беш аз 85% коргарон шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд.Хотиррасон бояд намуд, ки аз ҷониби ҳамин ширкатҳо ҳамин гуна корхонаи муосир соли гузашта дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба кор дароварда шуда буд. Дар ин ҷо низ корхона бо технологияи навтарини ҷаҳонӣ сохта шуда, истеҳсолоташ бепартов ва аз ҷиҳати экологӣ безарар хоҳад буд.Пеш аз омодашавии корхонаи сементи Ёвон наздики 100 нафар мутахассисони тоҷик дар филиалҳои ширкати Хуасин дар Ҷумҳурии Мардумии Чин хононда шуда буданд. Мутахассисони ояндаи корхонаи нав дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бошад, дар корхонаи Ёвон таҷриба омӯхта, омода хоҳанд шуд.Навбати аввали корхонаи нав соли 2015 ва навбати дуюмаш соли 2016 ба кор дароварда мешавад. Аҳамияти иқтисодию иҷтимоии ин корхона барои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, вилояти Суғд ва умуман ҷумҳурӣ басо бузург аст, зеро ҳамасола беш аз 100 миллион сомонӣ ба давлат андоз хоҳад супорид.Ғайр аз ин, ба гуфти роҳбари ширкати ватании Ғаюрсемент Акбар Ғуломов пас аз ба кор даромадани корхонаи Ёвон нархи семент дар ҷумҳурӣ 25% паст шуда буд. Бо фаъол гардидани корхонаи нав дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нархи семент дар вилояти Суғд низ 25% поён хоҳад рафт.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ин иқдоми накуи соҳибкорони ватанӣ изҳори қаноат карда, таъкид дошт, ки ҳамзамон бо сохтмон ва фаъол намудани ин корхона дар ободонии инфрасохтори маҳаллӣ, аз ҷумла навсозии роҳҳо низ саҳмгузор бояд шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
 

Апрель 3, 2014 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид