Оғози сохтмони корхонаи семент дар Ваҳдат

Апрель 15, 2014 12:37

Душанбе, 15.04.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин сохтмони як корхонаи бузурги семент ва як маркази илмию истеҳсолии коркарди тухмӣ  оғоз ёфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нақшаи сохтмони Маркази илмию техникии кишоварзӣ доир ба коркарди тухмии зироатҳо шинос шуда, аз иқдоми сохтмони чунин корхона арзи хушнудӣ намуд.
Тавре зикр гардид, ин корхона дар ҳамкорӣ бо шарикони чинӣ бунёд ёфта, асосан ба коркард ва ба кишт омода намудани тухмии пахта, ғалладона  ва дигар зироатҳои кишоварзӣ машғул мешавад.
Ин корхона мавсимӣ буда, дар як соат то 10 тонна тухмиро метавонад коркард намояд.
Корхона то моҳи августи соли равон ба кор омода мешавад ва дар он беш аз 50 нафар аз аҳолии маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешаванд. Танҳо дар сохтмони он 40 нафар бинокорони маҳаллӣ иштирок хоҳанд дошт.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони корхонаи семент бошад, аз ҷумла зикр гардид, ки он бо харҷи 204 миллион сомонӣ сармояи соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфта, иқтидори солонаи он 500 ҳазор тонна маҳсулот хоҳад буд. Бо ин иқтидор корхона дар 2 навбат бунёд меёбад. Дар навбати аввал солона 200 ҳазор тонна семент истеҳсол хоҳад шуд. Дар навбати аввал 250 кас ва оянда то 500 нафар дар ин ҷо бо кори доимӣ таъмин мегарданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки корхона бо технологияи навтарин ва мутобиқ бо талаботи ҷаҳонии сифат ва экология сохта шавад.
Ташаббускори бунёди ин корхона Хайрулло Маҷидов изҳор дошт, ки барои беҳдошти муҳити зисти ин мавзеъ онҳо тасмим доранд, таллу теппаҳои атрофи корхонаро ба боғу ҷангалзор табдил диҳанд.
Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www. president. tj» дастрас намоед.

Апрель 15, 2014 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад