Озмуни «Шашмақом» -эҳёи мусиқии ниёгон

Апрель 18, 2014 09:22

Душанбе, 18.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  Дирӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласа оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳисоботи муовини раиси вилоятАнвар Яъқубӣ оид ба натиҷаҳои соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят дар семоҳаи аввали соли 2014 шунида шуд. 
Зикр гардид, ки дар семоҳаи аввал раванди рушди бемайлон идома ёфта, маҳсулоти умумии минтақавӣ ба 1 миллиарду 726,4 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,7 фоиз мебошад. Ба таъкиди Анвар Яъқубӣ саноатчиёни вилоят дар давраи ҳисоботӣ дар ҳаҷми умумии 708,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд ва афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят аз ҳисоби бахши хурду миёна 135,9 фоиз таъмин гардидааст.
Дар соҳаи кишоварзӣ  дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 336,5 миллион сомониро ташкил додааст.  Бо мақсади таъмини раванди ислоҳоти замин  дар вилоят бояд 3309 адад хоҷагии калонҳаҷм таҷдид шавад. Ба иттилои Анвар Яъқубӣ  то 15 апрел нақшаи таҷдид дар сатҳи вилоят ба 65 фоиз расида, 53 ҳазору 458 нафар сокини вилоят соҳиби саҳми замин гардид.  Дар натиҷаи ислоҳоти кишоварзӣ зиёда аз 21 ҳазор хоҷагии нави деҳқонӣ таъсис дода шуд.  
Абдураҳмон Қодирӣ вазъи соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва ҷараёни ислоҳоти замин, маориф, тандурустиро таҳлил намуда, аз камбудиҳои мавҷуда изҳори нигаронӣ намуд. Ҳамзамон бобати ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда, навсозии роҳҳои дохилӣ, баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъмири мактабҳои садамавӣ ба масъулини ниҳодҳои дахлдор супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки барои дарёфти чеҳраҳои нав ва эҳёи мусиқии ниёгон — «Шашмақом» озмун гузаронида шавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
 
 
 

Апрель 18, 2014 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик