Паём: Рушди имрӯзу фардо аз истифодаи боигарии мамлакат аст

Апрель 21, 2014 10:45

Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Пешравиҳо дар соҳаи гидроэнергетика инкишофи устувор ва босуръати иқтисодиро таъмин месозанд, иқтидори умумии иқтисодии кишварро ҷиддан тақвият мебахшанд ва дар ниҳояти кор ба ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодӣ мусоидати фаъол менамоянд. Рушди имрӯзу фардои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз истифодаи боигарии асосии мамлакат, яъне захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии бузург дорад, зеро ягон кишвари дунё бе рушди энергетика, инчунин коммуникатсияи ҳозиразамон тараққӣ карда наметавонад.Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги барқароршавандаи гидроэнергетикӣ ва оби тоза мебошад, ки истифодаи оқилонаи онҳо на танҳо ба манфиати мардуми мамлакат, балки ба нафъи кишварҳои минтақа низ хоҳад буд. Танҳо дар ҳафт соли охир ҷиҳати бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли қувваи барқ, таҷдиду барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда ва умуман рушди соҳаи энергетика қариб 12 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Ҳоло дар соҳаи энергетикаи кишвар татбиқи 10 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 6 миллиард сомонӣ идома дорад.Бояд гуфт, ки сарбандҳои иншооти гидроэнергетикӣ ва обанборҳо ҷараёни мавсимии оби дарёҳоро танзим карда, барои пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ, аз қабили селу обхезӣ ва кам кардани таъсири хушксолӣ нақши бузург мебозанд. Бо ин мақсад танҳо дар 7 соли охир зиёда аз 400 миллион сомонӣ равона шудааст,-таъкид намуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аснои ирсоли Паём ба МО ҶТ.

Апрель 21, 2014 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад