Саноати кишвар бо мусоидати Ҳукумати ҶТ рушд меёбад

Апрель 21, 2014 11:34

Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина  Эрлих). —  23  апрел  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  Паёми  ҳарсоларо  дар  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  бораи  самтҳои  асосии сиёсати  дохилию  хориҷии  ҷумҳурӣ»  ироа  мекунад. Дар  ҷараёни  ҷаласаи  ҳафтуми  муштараки   Маҷлиси  миллии  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  даъвати  чорум, ки  7  апрел  баргузор  шуда буд,  дар  ин  бора  тасмим  гирифта шуд.  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   Эмомалӣ  Раҳмон  соли  гузашта  зимни  Паёмаш  дар  Парлумони  кишвар  ба  вазорату  идораҳо,  аз  ҷумла ба  Вазорати  саноат  ва технологияҳои  нав дастурҳои  мушаххас  дода буд.  Дар  котиботи  вазорати  мазкур ба  мухбири  АМИТ «Ховар» аз  хусуси  корҳои  тайи  як  сол  иҷрошуда  нақл  карданд.
Соли  ҷорӣ саноати  ҷумҳурӣ бо мусоидати  мустақими  Ҳукумати Тоҷикистон  рушду  густариш  меёбад. Дар  ин  давра  барои дар  истеҳсолот мавриди  истифода  қарор  додани таҷҳизоту  технологияҳои нав, бунёди корхонаҳои  истеҳсолӣ  ва  дар  заминаи  ин афзун  намудани  истеҳсоли  маҳсулот,  ҳамчунин  фароҳам  овардани  ҷойҳои нави  корӣ  ва  густариши   содироти  маҳсулот корҳои  зиёде  анҷом дода шудаанд. 
Соли  2013  ҳаҷми  маҳсулоти  саноатии  Тоҷикистон  9  миллиарду  936  миллион  сомониро  ташкил дода,  афзоиш  нисбат ба  соли  2012 баробари 376  миллиону 900  ҳазор  сомонӣ   буд. 
Соли  гузашта  ҳаҷми  истеҳсоли маҳсулот  дар  саноати  кӯҳӣ  117, 8  фоиз,  маводи  сохтмонӣ  112,8  фоиз,  саноати  хӯрокворӣ 102,1  фоиз ва  саноати  ангишт  13,6  фоизро  ташкил  дод. Тайи  соли  2013  — ум 347 корхонаи  дорои  10307  ҷойи  корӣ  таъсис  ёфт. 
Бо  қарори  Ҳукумати  ҶТ  ба  манзури рушди   соҳаи  саноат  11 барномаи  давлатӣ  қабул  шуд, ки  онҳо тадриҷан  дар  амал  татбиқ  мешаванд. Аз  ҳаҷми  умумии  маҳсулоти  саноатӣ  36,7  фоизи онро  маҳсулоти  корхонаҳои  хӯрокворӣ  ташкил  медиҳад. Дар  ин  давра  бо  ҷалби   маблағҳои  хориҷию  дохилӣ  94  корхонаи  хӯроквории дорои 1297  ҷойҳои корӣ   мавриди  истифода  қарор гирифт.  
Мувофиқи  маълумоти расмӣ,  аз моҳи  январ то  моҳи  марти  соли  ҷорӣ ҳаҷми  истеҳсоли  маҳсулот  дар  кишвар  2  миллиарду  70  миллиону  800 ҳазор  сомониро ташкил  дод, ки  нисбат ба  ҳамин  давраи  соли  гузашта баробари  72  миллиону  800  ҳазор  сомонӣ  зиёд  аст. 
Вазорати  саноат  ва технологияҳои нави  ҶТ  барои   иҷрои  дастуру   супоришоти  Ҳукумати  кишвар  барномаи  техникиро  таҳия  ва  тасдиқ  намудааст,  ки  дар  он барои  ноил  шудан  ба натиҷаҳои баланди  истеҳсолӣ  ҳамаи  шароит  пешбинӣ шудааст. 
 

Апрель 21, 2014 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад