Сарқонуни кишвар- санади сарнавиштсози миллат

Апрель 28, 2014 11:50

Душанбе, 28.04.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, 6 ноябри соли 1994 дар таърихи навини давлатдории тоҷикон рўйдоди муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангие ба вуқўъ пайваст, ки он дар саҳифаи рўзгори мардуми тоҷик бо хатти зарин ҳамчун рўзи қабули  Сарқонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардид.
Дар он рўзҳои барои халқи тоҷик ногувор, Тоҷикистон бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ нахустин Сарқонуни давлати соҳибистиқлоли худро қабул кард ва бо чунин иқдоми таърихӣ орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд. Бо қабули аввалин Сарқонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ танзими ҳуқуқии худро ёфта, барои таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр заминаи воқеӣ гузошта шуд. Дар робита ба ин мавзӯъ бо мутахассиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Султонзода Фирӯз ҳамсуҳбат гардидем.
Ба гуфти мавсуф,  Сарқонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар гирифта, ба танзим медарорад.
-Тавре  ки дар он зикр шудааст,инсон, ҳуқуқу озодиҳои он арзиши олӣ буда, онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия гардида, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мешаванд. Дар сатҳи Сарқонун тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосӣ танзими ҳамаҷониба пайдо карданд. Давлат ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, озодии сухан, нашр, ҳуқуки истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқук ба манзил, ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад. Сарқонуни Тоҷикистон аз тарафи коршиносони байналмилалӣ ба сифати як Сарқонуни пешрафта дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шинохта шуда, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гаштааст.
Дар даврони соҳибистиқлолии хеш Тоҷикистон як силсила қонунҳо ва санадҳоро маҳз дар асоси ҳамин Сарқонун қабул ва интишор намуд.
Қобили зикр аст, ки Сарқонуни  кишвар ҳамчунин дар пайдоиш ва ташаккули ҷомеаи демократӣ асос гузоштааст. Сарқонун, ки бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёди дунявиро эълон доштааст, аҳамияти ниҳоят бузург дорад, зеро расидан ба ин ҳадафҳо танҳо тавассути эътироф, эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд имконпазир аст,- гуфт Султонзода Фирӯз, мутахассиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии пайтахт.
 
 

Апрель 28, 2014 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад